Тағйироти кадрӣ: Аз курсии депутатӣ ба роҳбарии Суди олии иқтисодӣ
Мавлуда Сатторӣ Қаландарзода, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Бобоҷон Ғафуров ба мақоми раиси Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон номзадии Сатториро пешниҳод карда, Мансурзода Наимро бо сабаби расидан ба синни ниҳоӣ аз мақоми раиси Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон бозхонд кардааст.
Инчунин раисиҷумҳури Тоҷикистон Саидзода Маҳмадисо Мурод, собиқ раиси суди шаҳри Турсунзода, Мирзозода Исроил Шоҳимардон, раиси пешини суди ноҳияи Ҳисор ва Қамарзода Рошиддинро ба вазифаи судяи Суди Олии Тоҷикистон пешниҳод намудааст.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Ҷамилзода Манучеҳр Файзуллоро, директори Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ва Шарифзода Зафар Кенҷаро, директори иҷроияи Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанак (сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон)» таъин кардааст.