Паёмҳои Э.Раҳмон ва Трамп ба ҳамдигар: Аз баёни умеду эътимод то таманниёт
Доналд Ҷон Трамп, раисиҷумҳури Амрико бо ирсоли паём ба ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон 25-умин солгарди Истиқололияти Тоҷикистон ва муносибатҳои дипломатӣ бо ИМА-ро шодбош гуфтааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми Трамп ба Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла омадааст: “Ман Шумо ва тамоми халқи Тоҷикистонро бо 25-умин солгарди Истиқлолият табрик менамоям. Штатҳои Муттаҳида соҳибистиклолӣ ва якпорчагии Тоҷкистон ва давлатҳои ҳамсояи он, инчунин кӯшишҳои Тоҷикистонро дар пешбурди корҳо баҳри гулгулшукуфӣ ва боз ҳам муттаҳидтар гардонидани Осиёи Марказӣ, пурра дастгирӣ менамояд. Соли ҷорӣ Тоҷикистон ва Штатҳои Муттаҳида инчунин 25-солагии ҳамкории зичи дуҷонибаро қайд мегиранд. Чун маъмуриятам корро оғоз намуд, умед ба он дорам, ки эҳтироми тарафайн ва садоқат ба пешбурди мақсадҳои умумӣ дар соҳаи амнияту суботи минтақавӣ идома меёбад”.
Инчунин раисиҷумҳури Тоҷикистон низ дар паёмаш ба Трамп 25-мин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатиро табрик гуфтааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми Эмомалӣ Раҳмон ба Трамп аз ҷумла омадааст: “Тоҷикистон Штатҳои Муттаҳидаи Америкаро, ки яке аз аввалинҳо соҳибихтиёрии давлати моро эътироф намуд, шарики муҳимми худ дар арсаи байналмилалӣ медонад. Мо аз раванди рушду таҳкими равобити дӯстона ва ҳамкории васеи кишварҳоямон, ки имрӯз фарогири соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла арсаҳои сиёсию иқтисодӣ, гуманитарию иҷтимоӣ ва амниятию низомӣ мебошанд, изҳори қаноатмандӣ карда, ояндаи онҳоро нек арзёбӣ менамоем. Омодаем, ки ҷиҳати густариши бемайлони муносиботи кишварҳоямон ва ғанӣ гардондани мазмуну муҳтавои онҳо дар минбаъда низ иқдомҳои амалии муштаракро ба роҳ андозем. Бо ибрози таманниёти беҳтарин, ба ҷаноби Президент сиҳатии комил ва пирӯзиҳои нав ба нав ва ба мардуми дӯсти Америка пешрафту шукуфоӣ орзумандам».