Консулгарии Тоҷикистон дар Питер “генералӣ” мешавад
Ҳафтаҳои наздик дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия консулгарии генералии Тоҷикистон ифтитоҳ мешавад. Душанбе ҳоло дар пойтахти фарҳангии Русия консулгарии ифтихорӣ дорад.
Владимир Запевалов, намояндаи Вазорати умури хориҷаи Русия зарурати боз кардани консулгарии генералии Тоҷикистонро ҳузури бештари шаҳрвандони Тоҷикистон унвон кардааст: “Умедворам имсол Консулгарии генералии Тоҷикистон ифтитоҳ ва консулгарии фахрӣ ваколатҳояшро қатъ мекунад”.
Консулгарии ифтихории Тоҷикистон дар Санкт-Петербург соли 2010 боз шуда ва муҳлати фаъолияти он то соли 2020 тамдид шудааст. Аз Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба “Озодагон” гуфтанд, ифтитоҳи консулгарии генералии Тоҷикистон ҳафтаҳои наздик дар назар аст. Ин дар ҳолест, ки Запевалов соли сипаришуда ҳам хабар дода буд, ки то поёни соли 2016 шояд консулгарии генералии Тоҷикистон дар Петербург ба кор сар кунад.
Дар акс: Сафорати Тоҷикистон дар Маскав