Мақомот: Гадоев 4 миллион фоида гирифту андоз надод
Мақомоти Тоҷикистон шаҳрванд Салоҳиддин Гадоевро дар сементфурӯшӣ бидуни пардохти андоз айбдор мекунанд.
Тибқи иттилои Оҷонсии зидди фасод Гадоев Салоҳиддин ҳамчун шахси воқеӣ бидуни қайд дар нозироти андози ноҳияи Ёвон ба хариду фурӯши семент машғул шуда, фоидаи ҳангуфт ба даст овардааст: “Ӯ соли 2014 ба маблағи 25600 сомонӣ семент харида ба маблағи 27840-сомонӣ фурухтааст. Инчунин моҳҳои январ-сентябри соли 2015 ба маблағи 34 миллиону 783 ҳазору 273-сомонӣ семент харида, ба маблағи 38 миллиону 800 ҳазору 695 сомонӣ фурӯхта даромади махсусан калон ба даст оврдааст”.
Манбаъ мегӯяд, феълан нисбати Гадоев бо моддаи 259-и Кодекси ҷиноӣ парванда оғоз шуда, мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад.