Рустамзода дар фасодкорӣ зимни фурӯши моли давлат айбдор мешавад
Мирзоаҳмад Рустамзода, сардори шӯъбаи идораи амволи давлатии вилояти Суғд дар фасодкорӣ зимни фурӯши моли давлат муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои Оҷонсии зидди фасод Рустамзода моҳи майи соли 2015 аз шаҳрванд Бобоева, ки мақсади хариди бинои санаторияи кӯдаконаи шаҳри Истаравшанро доштаст, 10 ҳазор доллар пора талаб намудааст: “Сардори идораи амволи давлатӣ ваъда додаст, ки бинои мазкурро ба номи Бобоева мегузаронад ва инчунин барои кӯмак дар гирифтани 4,5 гектар замин 5 ҳазор доллари дигар пора хостааст”.
Оҷонсӣ мегӯяд, Рустамзода боз моҳи майи соли 2015 аз Хайруллоев, шаҳрванди дигар, ки барои иштирок дар музоядаи хариди қисми бинои “Физиотеропевт”-и беморхонаи ҷамоати деҳоти Ғулакандоз муроҷиат намуда буд, 210 ҳазор сомонӣ пора талаб намудааст: “Ӯ ваъда додааст, ки бинои мазкурро ба номи Хайруллоев мегузаронад ва аз моҳи январ то марти соли 2016 дар се ҳолат аз Хайруллоев 210 ҳазор сомонӣ гирифта, аз они худ намудааст”.
Ба иттилои манбаъ феълан тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи Рустамзода бо иттиҳоми қаллобӣ идома дорад.