Ифтитоҳи парванда алайҳи мудир ва хазинадори “Агроинвестбонк”
Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон алайҳи Беҳрӯз Саидов, хазинадор ва Маҳмадкарим Худоиев, собиқи мудири бахши “Агроинвестбонк” дар ноҳияи Дарвоз бо итиҳоми фасодкорию қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Оҷонсии зидди фасод хазинадор Саидов 29-уми сентябри соли 2015 дар деҳаи Қалъаи Хумб аз шаҳрванд Олга Умбарова 7400 доллари амрикоиро, ки барои нигоҳдорӣ дар бонк ва гирифтани фоиз пешниҳод кард, гирифтааст: “Баъди гирифтани маблағ фақат дафтарчаи амонатӣ оид ба қабули 7400 доллари ИМА тартиб дода, ягон ҳуҷҷати бонкии дигарро таҳия накардаст. Хазинадор 7400 долларро барои пардохти қарзаш аз шаҳрванд Сунатова сарф намудааст”.
Оҷонсӣ инчунин Худоиев Маҳмадкарим, собиқ мудири ин бахшро муттаҳам мекунад, ки моҳи ноябри соли 2015 дар деҳаи Қалъаи Хумб бо маслиҳати пешакӣ бо Саидов 15 ҳазор сомонии мизоҷ Маҳмадова Тиловатхонро, ки барои иваз намудан ба асъори хориҷӣ гирифта буд, тасарруф намуда, ба ҷабрдида зарари ҷиддӣ расонидаанд.
Тибқи иттилои Оҷонсӣ феълан парвандаҳо алайҳи гумонбарон барои тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба мақомоти додситонӣ ирсол шудааст.