Фатвои Шӯрои уламо алайҳи рӯзи ошиқон: Ишқи пок баъди никоҳ мебошад
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон алайҳи таҷлили рӯзи ошиқон-валентина фатво додааст.
Ин ниҳод дар сомонааш дар посух ба суоли корбаронаш гуфтааст, таҷлили Иди ошиқон ба дини Ислом ҳеҷ рабте надорад, зеро шариат муоширати маҳрамонаи бе никоҳро манъ кардааст: “Дар дини мубини Ислом ду ид аст. Илова бар ин ҳар рӯзе, ки инсон дар он гуноҳ намекунад, он рӯз низ ид мебошад. Иди ошиқон ба дини Ислом ҳеҷ рабте надорад, зеро шариат муоширати маҳрамонаи бе никоҳро манъ кардааст”.
Шӯрои уламо мегӯяд, аз нигоҳи дини Ислом ишқи поку самимӣ пас аз никоҳ сурат мегирад, ки он дар асоси меҳру муҳаббат, раҳму шафқат ва эҳсоси масъулият зиндагиро пеш бурдан аст.
Дар Тоҷикистон иддае аз ҷавонон ин идро тариқи тақдими туҳфа бо дӯстдошта таҷлил мекунанд, аммо бархеи дигар онро бегона дониста таҷлили онро ҷоиз намедонанд.
Дар Узбакистон шуруъ аз соли 2015 ба ҷоий Рӯзи ошиқонро Рӯзи Бобур таҷлил мешавад. Иқбол Мирзо, муовини раиси Иттиҳодияи нависандагони Узбакистон он замон гуфта буд, ки “мо дар ин рӯзи барои фарҳанг ва диёнати мо бегона, рӯзи миллии шеър доир мекунем. Ба ин хотир мо 14 февралро ба Рӯзи Бобур – рӯзи бовар ва ишқи муаддабона табдил додем”.