Ҳабси сармоягузори сафари 8 тоҷик ба Сурия
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Бобохонов.Ф –ро дар равон намудани 8 тоҷикистонӣ ба ҷанги Сурия гунаҳкор дониста, ба 15 соли зиндон маҳкум кард.
Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон Бобохонов ҳангоми муҳоҷират дар шаҳри Санкт- Петербурги Русия тариқи шабакаҳои интернетии «Одноклассники», «Вайбер» ва «Зелло» бо маводи таблиғотии ташкилоти экстремистию террористии бо ном «Давлати Исломӣ» шинос шуда, онро қабулу ҷонибдорӣ намудааст: “Ӯ аз ҳисоби маблағҳои худаш 8 шаҳрванди Тоҷикистонро барои иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар ҳайати ин ташкилоти террористӣ ба Сурия равон намудааст”.
Бар асоси қарори додгоҳ Бобохонов 15 солро дар зиндони низомаш сахт сипарӣ хоҳад кард.
Мақомоти тоҷик мегӯянд соли 2016 дар кишвар 1367 ҷинояти дорои хусусияти террористиву экстремистидошта ошкор гардида, 464 аъзои ташкилоти экстремистӣ ва террористӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.