Декани факултаи молия дар курсии муовини раиси шаҳри Хуҷанд нишаст
Раъно Ҳошимзода муовини раиси шаҳри Хуҷанд таъин шудааст.
Аз маъмурияти маркази вилояти Суғд ба “Озодагон” гуфтанд, таъини хонум Ҳошимзода 6 феврал дар ҷаласаи кории шаҳрдорӣ сурат гирифт. Ӯ дар ин мақом Умедахон Муродиро иваз намуд, ки ҳанӯз охирҳои соли 2016 бо хоҳиши худ аз вазифа канор рафт.
Раъно Ҳошимзода то ин замон декани факултаи молия ва баҳисобгирии бухгалтерии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд буд: “Аз соли 2015 вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд мебошад”.