Анатолий Близнюк, вазири рушди минтақавӣ ва сохтмони Украина кори ҷаласаро натиҷагирӣ карда, таъкид кардаст, ки густариши ҳамкории Тоҷикистону Украина махсусан дар бахши энергетика ба фоидаи тарафайн аст: «Аз ҷумла дар бахши таҷдид ва таҷҳизонидани нерӯгоҳҳои фаъолияткунанда, ташкили корхонаҳои мошинсозӣ, кимиёвӣ, коркарди нафт, марказҳои логистикӣ, лоиҳакашӣ ва сохтмони конструксияҳои металлӣ, омӯзиши ҳолати ишооти дер боз фаъолияткунанда, Тоҷикистону Украина имкониятҳои зиёди истифоданашуда доранд».
Бо вуҷуди ин вазири Украина таъкид кардаст, ки таи солҳои 2010 – 2011 ҳаҷми додугирифт миёни Тоҷикистону Украина бо суръат зиёд шуда истодааст.
Ба иттилои Близнюк ҳаҷми додугирифти мол байни ду кишвар таи соли 2010 –ум нисбат ба 2009, 148,9 фойиз зиёд гардид. Дар 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми гардиши савдо миёни Тоҷикистону Украина 116,1 фойиз афзоиш ёфта, 60 миллион доллари амрикоиро ташкил додаст.