Истиқболи Трамп аз саҳми Туркия дар мубориза бо ДИИШ
Доналд Трамп, раисҷумҳури тозаинтихоби Амрико Туркияро шарики стратегии кишвараш хондааст.
Бино ба иттилои расонаҳо, ин нуктаро Трамп дар суҳбати телефонӣ бо ҳамтои туркаш – Раҷаб Таййиб Эрдуғон таъкид намудааст. “Daily Sabah” мегӯяд, дар ин суҳбат, ки 45 дақиқа идома дошт, Доналд Трамп омодагии ИМА-ро барои кумак ба Туркия ба сифати шарики стратегӣ ва ҳамкор дар чорчуби созмони НАТО изҳор доштааст.
Президенти Амрико ҳамчунин аз саҳми Туркия дар мубориза бо гуруҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” истиқбол кардааст.
Баъди пирӯзии Доналд Трамп дар интихоботи президентии моҳи ноябри соли 2016 Раҷаб таййиб Эрдуғон изҳори умед карда буд, ки омадани Трамп сабаби тағйиротҳои мусбат барои тамоми ҷаҳон дар бахшҳои ҳуқуқ ва озодӣ, демократия ва ҳаводиси минтақавӣ мешавад.