Боздошти заминсози Ҳисор барои заминфурӯшӣ
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти заминсози шаҳри Ҳисор бо иттиҳоми заминфурӯшӣ хабар додааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод сармутахассиси 33-солаи соҳаи заминсозии Ҳисор 4-уми феврали дар ҳудуди деҳаи Булбулчашма ба номи зани 31-сола, сокини ҷамоати деҳоти Алмосӣ ду қитъаи замин ба масоҳати 6 ва 12 ҳисса ҷудо намуда, аз шавҳарии 42-солаи ин зан 6 ҳазор сомонӣ пора гирифтааст.
Манбаъ мегӯяд, феълан алайҳи заминсоз бо иттиҳоми порагирӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиши он ҷониби Додситонии кулли Тоҷикистон идома дорад.