Зодаи Тоҷикистон сармураббии бошгоҳи “Балтика”-и Калининград шуд
Игор Черевченко, футболбози пешини тими миллии Тоҷикистон, сармураббии бошгоҳи “Балтика”-и Калинингради Русия шудааст.
Ӯ дар ин симмат Игор Захарякро иваз намуда, ба иттилои торнамои бошгоҳ фаъолияташро аз имрӯз, 7 феврал оғоз кардааст. Манбаъ мегӯяд, ҳамроҳи мураббии нав Кирил Котов ва Олга Смордская, ки қаблан дар дастаи “Локомотив”-и Маскав кор мекарданд, ба “Балтика” пайвастаанд.
Игор Черевченко моҳи сентябри 2014 сармураббии тими “Локомотив”-и Маскав шуд ва моҳи августи соли гузашта аз мақомаш истеъфо дод.
Черевченко 43-сол дошта, писари Геннадий Черевченко, аз бозингарони маъруфи дастаи “Помир”-и Душанбе аст, ки то кӯч бастани хонаводааш аз кишвар дар солҳои 1993-1994 дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон бозӣ мекард.