Беш аз 6 миллион доллари Русия барои рушди ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон
Ҳукумати Русия барои рушди устувори ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019 то 6,6 миллион доллари амрикоӣ ихтисос медиҳад.
Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, ин маблағ аз буҷаи ин кишвар ҷудо карда мешавад. Қарор аст, бо ин мақсад ба Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ барои маблағгузории хароҷотҳои марбут ба роҳандозии даври дуввуми лоиҳаи рушди устувори ғизои мактабӣ ба Тоҷикистон соли равон 1,1 миллион доллар, соли 2018 то 2 миллион доллар ва соли 2019 низ 2 миллион доллар ихтисос ёбад.
Бар илова, то 1,5 миллион доллар ба Сандуқи ҷаҳонии рушди кишоварзӣ барои маблағгузории хароҷотҳо ҷиҳати роҳандозии тарҳҳои пилотӣ оид ба ёрӣ ба кишоварзон дар доираи ин тарҳ ҷудо карда мешавад.
Вазорати молия ва Вазорати умури хориҷии Русия муваззаф шудаанд, тартиби ихтисоси ин маболиғро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ мувофиқа намоянд.