Дар шаҳрҳои Конибодому Исфара мизи мудаввар дар мавзӯи “Мавқеъи ҷавонон дар рушди соҳаи маориф” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини аввали раиси парлумони ҷавонони Тоҷикистон Зебо Қурбонова, мудири бахши кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров- Каримҷон Иброҳимов ва мудирони бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳрҳои Конибодом ва Исфара доир ба мавзӯъи мазкур суханронӣ намуданд.
Маврид ба тазаккур аст, ки чорабинии мазкур бо мақсади рушди соҳаи маориф, омӯзиши вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, мушкилоти ҷавонон ва муайян намудани нақшаи дурнамо дар соли 2012 байни ҷавонони фаъол, раисони ташкилотҳои ибтидоии Иттифоқи ҷавонон ва омӯзгорони ҷавон гузаронида шуд.