Қарори №52-и Рустами Эмомалӣ: Хуррамгардонии Душанбешаҳр – рисолати сокинони пойтахт!
Рустами Эмомалӣ, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Душанбе бо имзои як қарор дар пойтахт 150 рӯзи ободонию созандагӣ, ниҳолшинонию кабудизоркунӣ эълон кардааст.
Дафтари матбуоти шаҳрдори пойтахт мегӯяд, ин маърака таҳти унвони “Хуррамгардонии Душанбешаҳр – рисолати сокинони пойтахт!” “бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ, сарсабзу хуррам гардонидани пойтахт, ниҳолшинониюкабудизоркунӣ, инчунин сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” роҳандозӣ мешавад.
Ба иттилои манбаъ, 150 рӯзи ободонӣ аз 1 феврал шурӯъ шудла ва 27 июни соли 2017 идома хоҳад кард. Дар қарори Рустами Эмомалӣ омадааст, “раисони ноҳияҳои шаҳр (Самӣ Ш.Ҳ., Салимзода Н.Ф., Табарзода Ҷ.А., Ҳакимзода Н.Ҳ.), КВД таҷрибавии илмию истеҳсолии “Сабзкорӣ”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе (Халикова Т.М.), роҳбарони корхонаю идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорони инфиродии дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолияткунанда дар мавзеъҳои интихобгардида бо ширкати аҳли ҷамоатчигии шаҳр, бахусус ҷавонон бо риояи талаботи агротехникӣ, бо тавсияи мутахассисони соҳа шинони-дани ниҳолҳоро ба роҳ монда, нигоҳубини минбаъдаи онҳоро таъмин намуда, раванди ниҳолшинонию кабудизоркуниро пайваста тақвият бахшанд”.
Рустами Эмомалӣ рӯзи 12 январ ба ҷойи Маҳмадсаид Убайдуллоев раиси шаҳри Душанбе таъин шуд. То он замон ӯ ба ҳайси раҳбари Оҷонсии зидди фасод фаъолият мекард.