Видеои гилаи Лукашенко аз Иттиҳоди гумрукӣ: Зарар дидем, зери қарзу миннат мондем
Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорусия гила дорад, ки узвияташ дар Иттиҳоди гумрукӣ, ки бо даъвати Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия сурат гирифт, ба зарари иқтисодиёти кишвараш анҷомид.
Лукашенко охири ҳафтаи гузашта дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, иттиҳод аз ошхонаи Путин оғоз шуд: “Ӯ хост мо ӯро дастгирӣ кунем ва мо аз узвият баробариро интизор доштем. Бе баробарӣ иттиҳод ғайриимкон аст. Аммо дар пайи нобаробариҳои нархгузорӣ мо 15 миллиард долларро аз даст додем. Аз мо 15 миллиард гирифтанду баъд 5 миллиардро бо фоизҳои гарон қарз доданд. Оё ин хуб аст?”
Раисиҷумҳури Белорусия афзуд, ки дар баробари ин боз миннат мекунанд, ки мо онҳоро мехӯронему бори зиёдатиянд: “Ин хуб нест ва ба ин бояд хотима дод”.
Гилаи Лукашенко аз нобаробариҳо дар Иттиҳоди гумрукӣ дар ҳолест, ки Тоҷикистон низ дар садади узвият дар ин иттиҳод қарор дорад ва коршиносон онро аз мавзӯҳои меҳварӣ дар сафари қарибулвуқӯи Путин ба Душанбе арзёбӣ мекунанд.
ВИДЕОИ гилаи Лукашенко аз иттиҳоду нобаробариҳо: