Раиси Агентӣ дар бораи Р. Эмомалӣ ва зодгоҳи мансабдорон: Бештар аз Хатлонанд
Ҷумъа Давлат, раиси Агентии хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон мегӯяд, бештари хизматчиёни давлатӣ дар кишвар зодагони вилояти Хатлон мебошанд.
Ҷумъа Давлат имрӯз, 6-уми феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, аз ҳудуди 19 ҳазор хидматчии давлатӣ 37%-ашон аз вилояти Хатлонанд.
Оқои Давлат афзуд, миёни хизматчиёни давлатӣ зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - 8,7%, аз Суғд-24,9%, аз Душанбе -10,5% ва зодагони навоҳии тобеи марказ 17,8% -ро ташкил медиҳанд.
Раиси Агентӣ илова намуд, ки таносуби хидматчиёни давлатӣ ҳар семоҳа таҳлил мегардад. Ба гуфтаи ӯ соли гузашта теъдоди хидматчиёни давлатӣ аз Хатлон 135 нафар ва аз Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 1 нафар кам шудааст. Аммо шумораи хидматчиёни давлатӣ аз Суғд 186 нафар, Душанбе 44 нафар ва навоҳии тобеи марказ 21 нафар зиёд гардидаанд.
Раиси Агентии хизмати давлатӣ гуфт, фоизи хизматчиёни давлатӣ аз минтақаҳо бо назардошти аҳолии он минтақаҳо ҳисоб карда мешавад. Номбурда гуфт, онҳо дар ин масъала ташвиш надоранд, балки масъалаи ташвишовар ҳоло ҷалби занон ба хизмати давлатӣ мебошад, ки чандон зиёд нест.
Дар мавриди ҷавонон оқои Давлат гуфт, шумораи хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби ҷавонони то синни 35- сола 8525 нафарро ташкил медиҳад, ки баробари 44,8%-и теъдоди умумӣ мебошад: “Шумораи хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби ҷавонон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33 нафар афзоиш ёфтааст”.
Ба иттилои Ҷумъа Давлат аз 5670 нафар хизматчиёни давлатие, ки дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд, 1345 нафар ва ё 23,7 фоизашонро ҷавонон ташкил медиҳад.
Дар мавриди таъини Рустами Эмомалӣ, писари раисиҷумҳури Тоҷикистон ба мақоми шаҳрдори Душанбе раиси Агентӣ афзуд, ки он дар доираи қонун мебошад. Ӯ аз кори Рустами Эмомалӣ дар рӯзҳои аввали шаҳрдорӣ ва замони роҳбарияш дар Оҷонсии зидди фасод тавсиф намуда, гуфт камбудие надорад. Ҷумъа Давлат Рустами Эмомалиро соҳиби се дипломи олӣ муаррифӣ карда, илова намуд, ки ҳамчун раиси шаҳр дар баробари раисони дигар ҳар сесола бо курсҳои омӯзишии такмили ихтисос фаро гирифта хоҳад шуд.