Депорти тоҷике, ки мехост бо ду кило нос ба Лаҳистон биравад
Як шаҳрванди Тоҷикистон аз Белорусия депорт шудааст. Акнун давоми панҷ соли оянда ӯ ҳаққи вуруд ба ин кишварро надорад.
Бино ба иттилои расонаҳои Белорусия, ин шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистонро, ки қасди ба Лаҳистон гузаштан доштааст, марзбонон дар гузаргоҳи марзии “Брест” боздошт кардаанд. Ӯ бо худ корти муҳоҷират надоштааст: “Ҳангоми ҷустуҷӯ аз ӯ ду кило нос ёфт ва мусодира шудааст”.
Манбаъ меафзояд, маълум гардида, ки қаблан ин ҷавон барои нақзи қавонини муҳоҷират аз Русия ихроҷ шудааст: “Феълан, дар боздоштгоҳи муваққатии гуруҳи марзбонии Брест нигоҳ дошта мешавад”.