Иршод СУЛАЙМОНӢ
Сафари қарибулвуқуи Путин ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистон, як каме ғайриинтизор ба назар мерасад. Аммо аз лиҳози ин ки сафар дар шаборӯзи гармогармии баҳсҳои бешумору ҳалношудаи Душанбеву Маскав сурат мегирад, як миқдор ҳасосиятбарангез низ ҳаст. Хусусан, баъд аз барканории Маҳмадсаид Убайдулоев ва бигӯ магӯҳо дар мавриди гузинаҳои гуногуни интиқоли қудрат.
Масъалаҳои калидии ҳалношуда миёни Душанбе ва Маскав, ки барои расонаҳо ва омма маълум мебошанд, кам нестанд. Ҳоло масълаи дар ихтиёри Русия гузоштани фурудгоҳи низомии Айнӣ, ворид шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, баргаштани низомиёни рус ба марзҳои Тоҷикистон ва ғайра мавзуъоти меҳварии суҳбати Путин бо Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе гуфта мешаванд. Мавзуъоти дигаре назири сабти ном нашудани хабаргузории “Россия сегодня” дар Тоҷикистон ва як миқдор масъалаҳои хурду резаи дигаре ҳам миёни Маскаву Душанбе ҳалношуда боқӣ мондаанд.
Ба тахмини зиёд мавзуъи марказии сафари Путин ниҳоӣ кардани вуруди Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё қарор мегирад. Зеро Игор Шувалов, муовини нахуствазири Русия ӯзи 27 январ, баъд аз нишасти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия дар Душанбе ба хабаргузории РИА “Новостӣ” чунин гуфт: “Мо бояд ба сафари президент Путин ҷиддӣ омода бошем, ки ҳафтаҳои наздик сурат мегирад. Умед дорем, баъзе масъалаҳои ҳалношуда то замони сафари ӯ ниҳоӣ хоҳанд шуд. Мо ин сафарро бесаброна интизор ҳастем ва умед дорем, пурсамар хоҳад буд”. Мантиқан, баъди чунин изҳороти Шувалов дарк кардан мумкин аст, ки то омадани Путин ин гуна масоил ниҳоӣ мешаванд. Зеро аз нигоҳи равобити байналмилал Путин ба кишварҳое чун Тоҷикистон барои имзо меояд, на барои дигарбора баррасӣ кардани масъала. Вале то кунун аст, ки вазирону давлатмардони Тоҷикистон мегӯянд, ки ин масъала мавриди омӯзиш қарор дорад ва Тоҷикистон намехоҳад мисли дигар ҳамсояҳо ба таври осемасар ворид шавад. Вале дар ин маврид масъалаи ҳалношудаи дигаре низ ҳаст, ки аҳамияташ барои Путин аз масъалаи аввалӣ камтар нест. Соҳиб шудан ба Фурудгоҳи низомии Айнӣ.
Сафири Русия Игор Лякин-Фролов дар Тоҷикистон чанде пештар дар як нишасти хабарнигорон гуфт, ки Русия ҳавасманди истифода аз ин фурудгоҳи ҳарбиву ҳавоӣ аст. Сафири Русия далели ҳавасмандии кишварашро ба пойгоҳи 201-уми вобаста кард. Лякин-Фролов ҳатто гуфта буд, ки матни созишнома омода асту марҳилаи мувофиқа шудани он баррасӣ мешавад. Вале дар мавриди фурудгоҳи низомии “Айнӣ” мушкили аслӣ ин аст, ки ин фурудгоҳ бо 70 миллион доллари Ҳинд бозсозӣ шудааст ва худи Ҳинд ҳам яке аз кишварҳоест, ки мехоҳад ҳузурашро дар ҳамсоягии Афғонистон таъмин кунад. Ин буд, ки ҳамагӣ баъди як рӯзи изҳори назари сафири Русия дар Тоҷикистон Вазорати хориҷаи Ҳинд дар ин маврид мавзеъгирӣ намуд.
Мубошир Ҷавод Акбар, вазири хурди умури хориҷии Ҳиндустон 5-уми январ зимни нишасти матбуотӣ ба суоли хабарнигорон дар мавриди дархости Русия барои гирифтани фурудгоҳи Айнӣ гуфт, ки “бовар надорем Русия метавонад хилофи манофеи стратегии Ҳиндустон кор кунад. Муносиботи мо бо Русия аз имтиҳони вақт гузаштааст ва муътақидем, ки озмоишҳои ояндаро низ паси сар хоҳад кард. Мо фикр намекунем, ки Русия хилофи амнияти Ҳиндустон ва манофеи миллии мо кор кунад”.
Талошҳо барои соҳиб шудани ҳаққи истифода бар фурудгоҳӣ Айнӣ аз ҷониби Русияву Ҳинд тӯли ин солҳо дар ҳолест, ки вазири вақти корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ гуфта буд: “ Тоҷикистон ба ҷуз аз Русия дар масъалаи истифодаи фурудгоҳи “Айнӣ” бо дигарон ҳамкорӣ нахоҳад кард". Ва ҳоло Русия бидуни созишномаи истифода ҳам чанде аз чархболҳояшро дар ин фурудгоҳ мустақар кардааст. Ҳамчунин аз масъалаҳои доғи дигар дар муносиботи Маскаву Душанбе, ки солҳост бар сари он баҳсҳои расонаиву байнидавлатӣ ҷараён дорад бозгашти дубораи марзбонҳои Русия ба марзи Тоҷикистону Афғонистон мебошад. Вале зоҳиран ба назар мерасад, ки ниҳоӣ шудани ин масъла дар сафари мавриди назари Путин матраҳ нест.
Тоҷикистон дар баробари ин қадар “хостаҳо”-и Русия мехоҳад, ки додугирифте бикунад, аммо дар ин росто ба чӣ ифоқае мерасад мушаххас нест. Вале тахмин меравад, ки Тоҷикистон дар баробари ҳимояти Русия аз низоми сиёсии феълии Тоҷикистон, ҳамчунин хостаҳои дигаре низ дорад. Вале хостаҳои кӣ бароварда мешавад, дар сафари Путин шоҳид хоҳем шуд.