"Рейд" дар "диско-клуб"-ҳо барои муайянсозии нашъамандон
Шерхон Салимзода, раиси Оҷонсии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон теъдоди нашъамандони сабтшударо дар кишвар 7 ҳазору 67 нафар гуфт.
Салимзода зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе изҳор дошт, ки бештари нашъамандон – дар пойтахт зиндагӣ мекунанд: “Соли 2016 теъдоди нашъамандон дар Тоҷикистон ба 2654 нафар расид, ки аз ин 106 нафарро занон ташкил медиҳанд”.
Ӯ афзуд, 1147 нафар, дар Суғд (41 зан), 1385 нафар дар Хатлон (18 зан), 807 нафар дар ВМКБ (3 зан), 1074 нафар (7 зан) дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ муътод мебошанд.
Ба гуфтаи Салимзода имрӯз сари ҳар 100 ҳазор аҳолии Тоҷикистон 83 нашъаманд рост меояд, ки нисбат ба давлатҳои дигар камтар мебошад: “Танҳо давоми соли 2016 560 нашъаманд табобат ёфтанд. Мо кӯшиш мекунем нафарони мубталои ин бемориро пайдо карда дар ҳамдастӣ бо Вазорати тандурустӣ табобат намоем”.
Раиси Агентӣ нашъамандиро барои генофонди миллат зараровар хонда, таъкид намуд, ки барои муайян намудани нашъамандон дар тарабхона ва марказҳои дилхушӣ рейдҳо хоҳанд гузаронд.