Манбаъа афзуд, мудири озмойишгоҳи беморхонаи мазкур-Моҳхоним Абдуллоева, ки худ дар Олмон таҳсил намудааст, гуфт, бо ин таҷҳизот ҳатто мураккабтарин ташхисҳо, аз ҷумла муайян кардани бемории сили ба доруҳо мутобиқшуда низ дар зарфи ҳамагӣ 2 соат анҷом меёбад.Зимни сӯҳбат бо ҷарроҳи ҷавони шуъбаи ҷарроҳӣ Абдурасул Сангинов маълум шуд, ў бо стипендияи президентии «Дурахшандон» дар хориҷи кишвар таҳсил намуда, дар синни 35 солагӣ сазовори унвони доктори илмҳои тиб гардидааст.Ба гуфти намояндаи Бонки олмонии рушд Олга Хефеле техникаю таҷҳизоте, ки дар ин ҷо насб гардидаанд ва хусусан озмоишгоҳи миллии референсӣ, дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ назир надоранд. «Озмоишгоҳи мазкур дар ин минтақа ҳам навтарин ва ҳам калонтарин аст», - иттилоъ дод ў.Ба гуфти ў, бо чунин таҷҳизот ва шароити беҳтарин дар ин ҷо имкон дорад, ки як маркази минтақавӣ барои кулли кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шавад, зеро ин биноҳо натанҳо дорои беҳтарин таҷҳизоти ташхису табобат, балки шароити омодасозии кадрҳои варзидаи ин соҳа мебошанд.Ў, ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар ҷаҳон танҳо 23 адад чунин марказҳо бо чунин озмоишгоҳҳо аст, ки ҳуқуқи омодасозии кадрҳои ин бахши соҳаи тибро доранд. Яъне ин марказ метавонад таълимгоҳи 24-уми ҷаҳонӣ шавад.Ин биноҳо, ҳамчунин бо беҳтарин шароити зист ва будубоши беморону табибон муҷаҳҳаз гардидаанд. Онҳо, аз ҷумла дорои шабакаи мустақили гармидиҳӣ буда, бо усули геотермӣ ё худ бо ҳарорати табиии оби аз чуқурии 70 метр дастрасшаванда бе истифода аз маводи сўхт гарм карда мешаванд. Нерўи барқ танҳо барои кашидану гардиш додани оби зеризаминӣ истифода мешавад.