Президент се судяи солхӯрдаро барканор кард
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 3-юми феврал фармон додааст, ки се додраси кишвар аз мақомашон барканор шаванд.
Тибқи фармони имзокардаи Эмомалӣ Раҳмон Амирхоҷа Ғоибназар, собиқ раиси Суди олии иқтисодии Тоҷикистон, ки аз моҳи октябри соли 2015 раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон буд, аз мақомаш барканор гардид: “Инчунин Ҷумъазода Усмоналӣ Шариф аз вазифаи раиси суди шаҳри Истаравшан ва Асрорзода Ҳакимҷон Тӯйчӣ аз вазифаи муовини раиси суди ноҳияи Ашти вилояти Суғд озод гардиданд”.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон сабаби барканории додрасҳоро расидан ба синни ниҳоӣ барои ишғоли вазифаи судя арзёбӣ намуд.