Исфараро зилзилаи 4,7 баллӣ такон дод
Торнамои Earthquake Track шиддати такони зилзилаи пеш аз зуҳри имрӯзро дар Исфараи вилояти Суғд 4,7 балл аз рӯи ҷадвали Рихтер гуфтааст.
Ин заминларзаро сокинони Узбакистон, Қирғизистон ва Афғонистон ҳам эҳсос кардаанд.
Дар бораи хисороти заминларза хабаре рӯи даст нест.