223 миллиону 998 ҳазор. Зарари расида аз изофанависӣ, камомад...
Палатаи ҳисоб мегӯяд, соли 2016, дар пайи 530 санҷиши аудитӣ 223 миллиону 998 ҳазор сомонӣ зарари молиро ошкор кардаанд.
Фарух Ҳамрализода, раиси ин ниҳод имрӯз, 3 феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, ин зарар дар пайи изофанависӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ расидааст: “Аз маблағи мазкур хароҷотҳои пулию молӣ 85,6 миллион сомонӣ камомад ва воситаҳои тасарруфи пуллию молӣ 1 миллион сомонӣ, изофанависӣ дар таъмиру корҳои сохтмонӣ 92 миллиону 842 ҳазор сомонӣ, маблағҳои кам ҳисоб гардида ва рӯйпӯш намудани андозҳо 32,7 миллион сомониро ташкил медиҳад”.
Файзалӣ Аҳмадзода, сараудитори Палатаи ҳисоб дар суҳбат ба “Озодагон” иброз дошт, дар натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда дар Кумитаи андоз 1 миллиону 495 ҳазор зарари молӣ ба қайд гирифта шудааст: “Ин маблағ аз ҳисоби хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ, изофанависии ҳаҷми корҳои сохтмонӣ, камомад, кам пардохт намудани фоизи муайяншуда аз ҳисоби даромади маблағҳои махсуси кумита мебошанд”.
Ба иттилои ӯ, ҳаҷми зарари молӣ дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 625 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аслан аз ҳисоби нодуруст ҳисоб кардани музди меҳнат, ҳисоб ва пардохт намудани андозҳо, дуруст пардохт накардани нафақа ҳастанд: “Дар 4-5 ноҳияи кишвар ҳолатҳои гирифтани нафақа пас аз фавт ба қайд гирифта шудааст”.