Футболбози тоҷик то охири ин мавсим дар Қазоқистон мемонад
Давронҷон Эргашев, ҳимоятгари мунтахаби футболи Тоҷикистон қарордодаш бо дастаи “Тараз”-и Қазоқистонро тамдид кард.
Федератсияи футболи Тоҷикистон мегӯяд, муҳлати ин қарордод то охири мавсими 2017 буда, Эргашев дар ҳайати “Тараз” ва лигаи аввали Қазоқистон бозӣ хоҳад кард.
Футболбози 28-солаи тоҷик дар гузашта дар ҳайати “Жетысу”-и Қазоқистон ҳам ба майдон баромадааст. Ӯ дар сатҳи премер-лигаи чемпионати Қазоқистон 72 бозӣ анҷом дода, 2 гол задааст.