Суҳбати Салимзода сари оташдони нашъа: “Маршрут”-и қочоқчиён иваз шудааст (АКС+ВИДЕО)
Шерхон Салимзода, раҳбари Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон мегӯяд, таҳкими назорати марз қочоқчиёни нашъаро ба тағйири хатсайр водор кардааст.
Ӯ ин нуктаро имрӯз, 2-юми феврал зимни суҳбат ҳангоми сӯзондани наздики 430 кило маводи мухаддир дар Душанбе баён дошт.
Салимзода гуфт, дар маҷмуъ соли гузашта 3 тоннаю 426 кило маводи мухаддир мусодира шуд, ки нисбати соли пешӣ 1 тоннаю 250 кило камтар мебошад.
Раҳбари Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон сабаби кам мусодира шудани маводи мухаддирро ба таҳкими ҳифзи марз ва коҳиши воридоти он рабт дод: “Назорати мустаҳкам дар марз, ки намегузорад қочоқчиён вориди кишвар шаванд”.
Ӯ инчунин коҳиши тавлиди мухаддирот дар Афғонистон ва иваз шудани “маршрут”-и интиқоли маводи мухаддирро сабаби кам гардидани мусодира дар қаламрави Тоҷикистон гуфт.
Масъулини Оҷонсӣ мегӯянд, соли гузашта 62 гуруҳи ҷиноиро ошкор кардаанд, ки аз он 4-тоаш гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ мебошад.