Манбаъ мегӯяд, дар ин сафар Сафиалло Девонаевро роҳбари намояндагии Хадамот дар Федератсияи Русия Асрор Одинаев ҳамроҳӣ менамояд. Масъулини Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон зимни сафарашон бо масъулини Хадамоти федералии муҳоҷирати Санкт-Петербург низ гуфтугӯ хоҳанд кард: «Мақсад аз ин сафар ҳамчунин вохӯрӣ бо сардори раёсати хадамоти федералии муҳоҷирати Санкт-Петербурги вилояти Ленинград, Дунаева Е.В. ва баррасии масъалаҳои мушаххаси ҳамкориҳо, андешидани чораҳо оид ба беҳтар намудани ҳолати муҳоҷирони меҳнатӣ ва вусъат бахшидани ҳамкориҳо доир ба интихоби муташаккилонаи захираҳои меҳнатӣ барои ниёзи иқтисодии минтақа низ мебошад».