Раиси нави Палатаи ҳисоб: Агар савгандро шиканам...
Фаррух Ҳамрализода, раиси нави Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон савганд ёд кард.
Ҳамрализода 23 январ бо як фармони раисҷумҳур аз вазифаи ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ озод гардид. Эмомалӣ Раҳмон номзадии ӯро ба ҷойи Дилмурод Давлатзода ба раисии Палатаи ҳисоб пешниҳод кард. Фаррух Ҳамрализода имрӯз, 1 феврал дар назди вакилони палатаи поёнии парлумон савганд ёд кард ва изҳор дошт, ки Конститутсия ва қонунҳои Тоҷикистонро риоят намуда, вазифаашро поквиҷдонона ва беғаразона иҷро хоҳад кард. Дар идома афзуд, ки “агар ин савгандро шиканам, дар назди қонун ҷавоб медиҳам”.
Бар асоси як тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ дар бораи ҳукумати Тоҷикистон ва вазъи ҳуқуқии аъзои парлумон, аъзои ҳукумат ва вакилон савганд ёд мекунанд.