Кӯмакхоҳии ҳукумат аз хориҷиҳо: Барф аз меъёр 170% зиёд борид
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри як муроҷиатнома аз созмону байналмилалию кишварҳои хориҷӣ барои бартараф намудани оқибатҳои барфрезии шадид кӯмак хостааст.
Тибқи муроҷиатномаи ин ниҳод зимистон имсол сангин омад ва барф аз 140-170% бештар борида, хатари сар задани офатҳои табииро ба вуҷуд овардааст: “Моҳи феврал инчунин боришоти аз меъёр зиёд пешбинӣ шудааст. Ин ҳолат хатари сар задани офатҳои табииро дар фасли зимистон, баҳор ва тобистони соли равон зиёд кардааст”.
Вазорати умури хориҷӣ аз ҳалокати 7 нафар дар зери тарма зикр карда, афзудааст, ки феълан ба далели тармафароӣ дар навоҳии Рӯшону Шуғнон роҳи Душанбе-Хоруғ баста мебошад.
Ҳукумати Тоҷикистон барои бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ аз хориҷиҳо кӯмак хоста, изҳор доштааст, ки пеш аз ҳама ба техникаю таҷҳизот, ғизою доруворӣ, сӯзишворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ, бунёди иншооти зидди тармаю сел ва кӯмак дар соҳилмустаҳкамкунӣ ниёз дорад.