“Барқи Тоҷик”: Зарари расида аз бебарқии саросарӣ ба “Талко” ҳисоб мешавад
Масъули ширкати “Барқи Тоҷик” сабаби садамаи 28 октябри соли 2016-ро, ки дар пайи он аксари манотиқи Тоҷикистон бе барқ монд, нуқс дар автоматикаи зиддисадамавии стансияи Регар гуфтанд.
Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати “Барқи Тоҷик” имрӯз, 31 январ дар нишасти хабарӣ гуфт, ин хулоса дар пайи таҳқиқи комиссияи махсус ба даст омадааст. Ӯ дар мавриди хисороти расида ба ширкати алюминиум аз ин садама гуфт, як гуруҳи корӣ ба ин масъала машғул аст: “Мо хулосаи ин гуруҳро интизорем”.
Соати 18:29-и шаби 28 октябр дар тамоми қаламрави Тоҷикистон, бо истиснои ВМКБ барқ қатъ шуд. Танҳо баъд аз 2 соату 20 дақиқа барқ дубора рӯшан гардид ва раиси ширкати “Барқи тоҷик” тавассути ВАО барои нороҳатӣ аз тамоми мардуми кишвар маъзарат хост.