Роҳандозии ҳаракати яксамта дар роҳи Душанбе-Хуҷанд
Мақомоти Тоҷикистон аз роҳандозии ҳаракат дар масири Душанбе-Хуҷанд тибқи ҷадвали тасдиқшуда хабар доданд.
Тибқи ҷадвали таҳиякардаи Вазорати нақлиёт, БДА ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳаракат аз самти Душанбе ба Хуҷанд дар рӯзҳои тоқ ва баръакс дар рӯзҳои ҷуфт сурат мегирад. Дар пайи барфрезии шадид ва фаромадани даҳҳо тарма ҳаракат дар масири Душанбе-Хуҷанд тайи рӯзҳои охир қатъ шуда буд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳушдор медиҳад, ки эҳтимолияти фаромадани тарма дар ноҳияҳои ВМКБ, дар доманакӯҳҳои Ҳисор, инчунин дар шоҳроҳҳои Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Ҷиргатол, Хоруғ-Мурғоб ва Хоруғ-Ишкошим барои 4 рӯзи оянда боқӣ мемонад. Мақомоти тоҷик шаҳрвандони Тоҷикистонро ба эҳтиёткорӣ даъват намуда, таъкид мекунанд, ки то ҳадди имкон аз сафар худдорӣ намоянд.