Теодор Алерс таъкид кардааст, ки соли оянда Бонки Ҷаҳонӣ дастгирии рушди Тоҷикистонро дар ҳаҷми 22 миллион доллари амрикоӣ бештар намуда, бо ин мақсад 60 миллион долларро равона хоҳад кард. Масъули Бонки Ҷаҳонӣ инчунин аз ҷараёни ташхиси техникию иқтисодӣ ва иҷтимоию экологии лоиҳаи бунёди нерӯгоҳи «Роғун» гузориш дода, изҳори боварӣ намудаст, ки ин кор дар сатҳи баландтарини ҷаҳонӣ амалӣ мешавад. Алерс бо ишора ба захираҳои бузурги обию гидроэнергетикии Тоҷикистон ва норасоии нерӯи барқ дар фасли зимистон таъкид кардааст, ки Бонки Ҷаҳонӣ барои истифодаи босамари имкониятҳо минбаъд ҳам кӯмакашро ба Тоҷикистон мерасонад.