АКС: Президент рамзи Наврӯзи байналмилалиро тасдиқ намуд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рамзи ҷашни Иди байналмилалии Наврӯзро тасдиқ намуд.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон бо пешниҳоди акси рамзи тасдиқшудаи наврӯзӣ афзудааст, ки вазорату идораҳо, муассисаву ташкилот, мақомоти маҳаллии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе зимни тантанаҳои наврӯзӣ аз рамзи мазкур истифода намоянд.