ТОП-5: Тоҷикистон масири камсайёҳ, вале ояндадортарин дар ҷаҳон
Созмонҳои сайёҳӣ дар заминаи пажуҳиши ширкати Mastercard 5-гонаи хатсайрҳои камсайёҳ, вале ояндадори ҷаҳонро таҳия кардаанд.
Тибқи иттилои пойгоҳи сайёҳии 34travel шаҳри Душанбе дар сархати 5-гонаи хатсайрҳои камодам, вале ояндадортарини ҷаҳон шинохта шуд. Ба иттилои гузоришгарон меъморӣ ва манзараҳои зебои Тоҷикистон ин масирро ояндаи наздик миёни сайёҳон машҳур хоҳад кард.
Дар мақоми дуюм шаҳри София, пойтахти Булғористон, 3-Бухарести Руминия, 4-Косабланка ва 5-Бостони ИМА қарор гирифтаанд, ки ояндаи наздик дар назар аст, таваҷҷуҳи сайёҳон ба ин масирҳо якбора зиёд шавад.
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ахиран дар паёмаш ба парлумон сайёҳиро аз самтҳои афзалиятнок эълон карда, изҳор дошт, ки барои ҳалли масоили марбут ба ин соҳа ниҳоди давлатии алоҳида ташкил хоҳад шуд.
Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон варзиш ва саёҳии Тоҷикистон моҳи равон гуфт, то соли 2020 теъдоди саёҳон дар кишварро ба 1 миллион нафар хоҳанд расонд. Абдуллозода 12-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, тайи 3 соли охир теъдоди саёҳон дар кишвар ду баробар афзоиш ёфта, соли гузашта ба 312 ҳазору 602 нафар расид: “Ин нисбат ба иншондоди соли пешӣ 72 ҳазор нафар бештар мебошад. Аз ҳисоби сайёҳон ба иқтисодиёти кишвар 156 миллион доллар ворид гардид”.