Даъвати IRS ба ҳамдигарфаҳмӣ: Аз сафар худдорӣ кунед
«IRS»-ширкати роҳбон дар масири “Душанбе-Чаноқ” бо зикри талафотӣ ҷонӣ ва барфрезии бесобиқа дар ин хатсайр аз сокинони кишвар даъват намудааст, ки муваққатан аз сафар бо ин роҳ худдорӣ кунанд.
Ин ширкат имрӯз, 30-юми январ бо пахши як иттилоия гуфтааст, “аз он ки офатҳои табиӣ боиси аз ҳаёт маҳрум шудани чанд ҳамватанамон гардид, сахт андӯҳгинем ва мусибати онҳоро мусибати худ медонем. Бинобар ин, шаҳрвандонро мебояд ба рух додани ҳолатҳое, ки ҳаводиси табиӣ маҳсуб мешаванд, бо ҳисси ҳамдигарфаҳмӣ муносибат намоянд ва ба корҳои амалишуда баҳои холисона диҳанд”.
Тибқи иттилои «IRS» шурӯъ аз 28 январ бар асари боришоти аз меъёр зиёди барф, аз километри 48 то 73-юми роҳи Душанбе – Чанок зиёда аз 50 тармаи баландиашон зиёда аз 10 метр фаромадаанд: “Зиёда аз 30 техникаи пуриқтидори филиали Ширкати «IRS» дар ин қисмат беист фаъолият доранд ва тавонистанд дирӯз шабона ҳаракати нақлиётро таъмин кунанд. Мутаассифона, имрӯз низ боришоти шадид ва тармафароӣ идома ёфта, дар километрҳои 65 ва 69 тармаҳои калонҳаҷм фаромада, ҳаракати нақлиётро қатъ намуд. Айни замон техникаҳои пуриқтидор ба макони офат сафарбар шуда, бартарафсозии тармаҳо босуръат идома дорад”.
Ин ширкат ба далоили амниятӣ ва халал нарасондан ба роҳтозакунӣ аз сокинон даъват намудааст, ки аз сафар дар масири Душанбе-Чаноқ худдорӣ кунанд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, то ҳол дар роҳи Душанбе-Чаноқ 5 ҷасади мусофиронро аз зери тарма берун овардаанд ва кофтукоб идома дорад.