Президент аз сарсониҳои барқгирӣ аз "Барқи тоҷик"-у пулгирӣ аз бонкҳо гуфт
Ҳукумати Тоҷикистон интизор дорад, ки бахши хусусӣ барои татбиқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҳудуди 54,7 миллиард доллари амрикоиро сармоягузорӣ мекунад, ки ин 46,3 фоизи маблағҳои пешбинишуда барои татбиқи стратегияро ташкил медиҳад.
Ин нуктаро имрӯз, 30-юми январ Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳабдаҳуми Шӯрои машваратии назди Президент оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баён дошт.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар феҳрасти сабукиҳо барои бахши хусусӣ гуфт, аз 1 - уми январи соли 2017 ҳадди ниҳоӣ барои гузариш ба низоми умумии андозбандӣ ва бақайдгирӣ ҳамчун супорандаи андоз аз арзиши иловашуда аз 500 ҳазор сомонӣ то 1 миллион сомонӣ зиёд карда шуд.
Дастрасӣ ба барқ-монеаи кори соҳибкорон
Эмомалӣ Раҳмон яке аз масъалаҳои муҳимро таъмини бахши хусусӣ бо нерӯи барқ хонда, аз афзоиши истеҳсоли нерӯи барқ ва бунёди “Роғун” зикр кард: “Санаи 29 октябри соли 2016 оғоз гардидани сохтмони сарбанди нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар таърихи кишвари мо рӯйдоди арзишмандтарин ба ҳисоб рафта, сохта ва ба истифода додани он бо иқтидори 3600 мегаватт ва ғунҷоиши 13,3 километри мукааб об дар обанбори нерӯгоҳ метавонад барои ҳаллу фасли масъалаҳои обу энергетика дар минтақа нақши муассир дошта бошад. Тибқи ташхисҳои коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ ва олимону коршиносони байналмилалӣ иншооти мазкур барои васеъ гаштани истеҳсоли «энергияи сабз», обёрии босифати заминҳои дар истифода қарордошта ва азхудкунии заминҳои нав дар мамлакат ва кишварҳои поёноб имконият фароҳам хоҳад овард”.
Ба гуфтаи раисиҷумҳур масъалаи дигари энергетикие, ки ба рушди бахши хусусӣ таъсири манфӣ мерасонад, сифати начандон хуби таъмини қувваи барқ ва пайвастшавӣ ба шабакаи таъминоти барқ мебошад: “Тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ мавҷудияти 9 расмиёт ва зарурати 133 рӯз барои пайвастшавӣ ба шабакаҳои барқӣ мавқеи кишварро аз рӯи нишондиҳандаи мазкур дар байни 190 мамлакат дар ҷойи 173-юм қарор додааст”.
Бо зикри ин Эмомалӣ Раҳмон Вазорати энергетика ва захираҳои об ва Ширкати «Барқи Тоҷик»ро барои соддагардонии расмиёти пайвастшавӣ ба шабакаҳои барқ тавассути ташкили низоми «Равзанаи ягона» мусоидат намоянд.
Нигаронии Президент аз кори бонкҳо ва коҳиши эътимоди аҳолӣ
Раисиҷумҳури Тоҷикистон бахши бонкдорӣ ва молияро яке аз омилҳои асосии дастрасии васеи соҳибкорон ба захираҳои молиявӣ хонда, илова намудаст, ки айни замон, аксарияти корхонаҳои кишвар бо мушкилоти нокифоя будани захираҳои қарзӣ ва гаронии он рӯ ба рӯ шудаанд: “Зеро меъёри миёнаи фоизи қарзҳои пешниҳоднамудаи бонкҳои тиҷоратӣ дар мамлакат 25 фоиз ва муҳлати миёнаи онҳо 20 моҳро ташкил мекунад”.
Ба гуфтаи ӯ фаъолияти номуназзами баъзе бонкҳои тиҷоратӣ боиси халалдор шудани фаъолияти соҳибкорон ва коҳиш ёфтани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ гардида истодааст: “Бо мақсади бартараф намудани мушкилот барои сармоякунонии бонкҳои тиҷоратии мамлакат қарори дахлдори Ҳукумати Тоҷикистон қабул гардида, ба таври мақсаднок равона шудани маблағҳо, дар навбати аввал, таъмин гардидани уҳдадориҳои бонкҳои мазкур дар назди буҷет ва пасандозгузорон, ки зина ба зина амалӣ мегардад, таҳти назорат қарор дода мешавад”.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон барои беҳтар намудани фаъолияти низоми бонкӣ ва таъмини рушди устувори он дар кишвар, беҳтар кардани сифати дороиҳо, ҷалби сармоягузории хориҷӣ ва дохилӣ, пурзӯр намудани идоракунии хавфҳо, зиёд намудани сармояи асосӣ, такмил додани усулҳои идоракунии корпоративӣ, сатҳи пардохтпазирӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолиятро зарур донист: “Бинобар ин, ба Бонки миллӣ ва Вазорати молия супориш дода мешавад, ки якҷо бо Котиботи Шӯрои машваратӣ ва дигар вазорату идораҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахшҳои бонкдорӣ ва молия, ба низоми муайян даровардани фаъолияти бонкҳои тиҷоратӣ, омӯзиши қоидаҳои муайян намудани фоизи қарзҳои бонкӣ ва дигар ҷанбаҳои соҳа таҳлили муфассал гузаронида, тавсияҳои мушаххасро ба ҷаласаҳои ояндаи Шӯро пешниҳод намоянд”.
Равзанаи ягона
Дар охир Эмомалӣ Раҳмон аз таҷрибаи баъзе кишварҳо зикр намудаст, ки намудҳои зиёди хизматрасониҳо ба таври шаффоф ва бо сифати баланд, вақти кам тавассути ташкили як равзана бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбута пешниҳод карда мешаванд: “Аз ин рӯ, ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Котиботи Шӯрои машваратӣ супориш дода мешавад, ки якҷо бо вазорату идораҳо ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд вобаста ба муосиргардонии хизматрасониҳои давлатӣ ба соҳибкорону сармоягузорон ва дар маҷмӯъ ба аҳолии мамлакат, таҳлилҳои ҳамаҷониба гузаронида, ба ҷаласаҳои ояндаи Шӯро тавсияҳои мушаххас пешниҳод намоянд”.