Эълони фурӯши чипта ба Тошканд: Рӯзи парвоз маълум шуд
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз оғози фурӯши чипатаҳои ҳавопаймо дар масири Душанбе-Тошканд хабар дод.
Тибқи иттилои ин ниҳод ҳукуматҳои ду кишвар созиш кардаанд, ки аз 10 феврали соли ҷорӣ парвозҳо миёни Душанбе-Тошканд аз нав ба роҳ монда мешавад: “Парвозҳоро ширкати «Сомон-Эйр» ҳафтае як маротиба, рӯзи ҷумъа дар масири Душанбе-Тошканд ва Тошканд-Душанбе оғоз менамояд. Хоҳишмандони сафар чиптаҳоро метавонанд аз кассаҳои Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба даст оваранд”.
Худоёр Худоёрзода, вазири нави нақлиёти Тоҷикистон имрӯз, 30-юми январ дар мавриди парвозҳо ба Тошканд гуфт, баъзе корҳое ҳастанд, ки дар як-ду рӯз ҳал намешаванд: “Ҳуҷҷатгузориҳо ҷараён доранд. Аз ҳар ду тараф муайян месозанд, ки дар масир кӣ парвоз мекунад. Баъзе корҳои дигар ҳастанд, ки дар як-ду рӯз ҳал намешаванд”.
Вазири нақлиёт афзуд тибқи протоколи имзонамудаи ҷонибҳо масъалаи парвозҳо ба Тошканд бояд нимсолаи ҷорӣ ба анҷом расад.
Ин дар ҳолест, ки Валерий Тян, сарвари кулли ширкати миллии ҳавонавардии Узбакистон 26 январ дар нишасти хабарие бахшида ба 25-солагии ширкати “Узбекистон хаво йуллари” гуфт, “созишномаи байниҳукуматӣ пурра ислоҳ шуда ва омодаи имзо аст. Парвозҳо ба Душанбе ояндаи наздик роҳандозӣ мешавад”.
Моҳи ноябри соли 2016 Юсуф Раҳмон, сардори Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфта буд, бар пояи протоколе, ки миёни Тоҷикистону Узбекистон ба имзо расид, нахустин парвоз дар хатсайри Душанбе-Тошканд моҳи январи соли 2017 амалӣ хоҳад шуд: “Парвозҳоро аз ҷониби Тоҷикистон ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ва аз ҷониби Узбекистон “Узбекистон ҳаво Йуллари” ба роҳ мемонанд. Парвозҳо ҳафтае ду маротиба аз тариқи хатсайри Душанбе-Тошканд- Душанбе ба роҳ монда мешаванд. Тавассути ин хатсайр ҳамлу нақли мусофирони транзитӣ ва нафароне, ки мехоҳанд ба Ӯзбекистон сафар намоянд, роҳандозӣ мешавад. Дар назар аст, ки дар оянда ҳамлу нақли бор низ ба роҳ монда шавад, зеро ин нуқта дар протокол дарҷ шудааст”.
Парвозҳо дар масири Тошканд-Душанбе соли 1992 қатъ гардиданд.