Тибқи иттилои Лола Мерганова, шахси мутасаддии ин тарҳ, лоиҳа бо кӯмаки институти «Ҷомеъаи кушода»-и Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, мактаби олии журналистика дар назди мактаби олии иқтисодии Русия ва мактаби олии журналистикаи Молдова сурат пазируфта, унвони он «Бунёди базаи тренерони миллии ВАО» мебошад. Гуфтанист, тарҳи мазкур ба рушди ВАО дар Тоҷикистон равона шуда, тавассути бунёди базаи тренерони касбӣ дар самтҳои зерин амалӣ мегардад: радио, ТВ, расонаҳои чопӣ ва он-лайн журналистика.
Манбаъ афзуд, барои бо омўзиши ҳамаҷониба ва мувофик ба стандартҳои байналмилалӣ фаро гирифтани иштирокчиёни лоиҳа муаллимони баландихтисоси мактабҳои пешқадами журналистикаи давлатҳои собиқ шўравӣ ҷалб шудаанд.Иштирокчиёни фаъоли лоиҳа, ки марҳилаҳои омўзишро бомуваффақият гузашта, нақшаҳои (модулҳои) таълимии худро ҳимоя мекунанд, соҳиби сертификат мегарданд.Барои иштирок дар лоиҳа таҷрибаи кор дар ВАО ва омода будан барои кори тренерӣ зарур аст.Таҷрибаи кори педагогӣ истиқбол мешавад.Барои иштирок дар марҳилаи аввали интихобӣ ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кардан лозим аст:
Эссе дар мавзўи «Чаро ман дар ин лоиҳа иштирок кардан мехоҳам?» (бо ишораи ҳатмии мавзўи модули таълимии оянда, ки ҳар як иштирокчӣ онро дар доираи лоиҳа мукаммал месозад), на зиёда аз 2 саҳифа; маълумотномаи иштирокчӣ (CV); нусхаи шиноснома; пешниҳоди тавсиянома аз ҷониби нафароне, ки таҷрибаи кори педагогӣ доранд, пазируфта мешавад.
Қабули ҳуҷҷатҳо то рӯзи 15-уми декабри дома меёбад. Суроғаи электронӣ: lola@khoma.tj. Телефонҳо барои маълумот: 221 86 93, 221 86 95