Тӯҳфа ба кӯдакони маъюб
Ба муносибати «Рӯзи ҷаҳонии кӯдакон» бо ташаббуси ҳукумати шаҳри Кӯлоб ва созмони байналмилалии «Наҷоти кӯдакон» консерти хайрия бо иштироки ҳофизи шинохта Ҷамшед Исмоилов, овозхонони ансамбли «Гулшан» ва гурӯҳи рақсии «Ҷаҳоноро» баргузор гардид.
Зулайхо Комилова, муовини раиси шаҳри Кӯлоб, ба хабарнигори «Озодагон» гуфт, дар консерт 500 чипта бо қимати 3 сомонӣ ба ба фурӯш бароварда шуд, аз маблағи ба даст омада бошад, тўхфаҳои хотиравӣ харида шуда дар рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон 1-уми июн ба кӯдакони маъюбу бепарастор тақдим мегардад. Роҳбари гурӯҳи консертӣ Ҷамшед Исмоилов гуфт, иттиҳодияҳои эҷодии консертӣ ният доранд, то рӯзи ҷашни иди байналмилалии кӯдакон дар навоҳии водии Рашту вилояти Бадахшон ва Суғд низ консертҳои хайриявӣ ташкил намоянд. Дар чорабинӣ як соҳибкор бо исми Ҳоҷӣ Алимурод Холов барои кўдакони маълули Кӯлоб аз ҳисоби шахсияш даҳ ҳазор сомонӣ ҷудо намуд, то дар ин рӯз ба тифлакон ҳадя намояд.