Ҳалокати 17 нафар дар роҳҳои Тоҷикистон: Кофтукоб идома дорад...
Тарма ва садамаҳои нақлиётӣ рӯзҳои истироҳати гузашта дар роҳҳои Тоҷикистон 17 кушта барҷой гузошт. Мақомоти наҷотдиҳӣ мегӯянд, ин омор метавонад бештар шавад, зеро феълан корҳои кофтукобӣ идома дорад.
Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон то ҳол аз зери тарма дар роҳи Душанбе-Хуҷанд 5 ҷасад берун оварда шудааст: "Инчунин дар вилояти Бадахшон ду нафар зери тарма ҷон додаанд".
Феълан дар пайи фаромадани даҳҳо тарма роҳи Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе-Хоруғ баста буда, ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода эҳтимолияти фаромадани тарма дар ноҳияҳои ВМКБ, дар доманакӯҳҳои Ҳисор, инчунин дар шоҳроҳҳои Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Ҷиргатол, Хоруғ-Мурғоб ва Хоруғ-Ишкошим барои 4 рӯзи оянда боқӣ мемонад.
Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ рӯзҳои истироҳати гузашта дар роҳҳои кишвар инчунин 10 нафар ҳангоми садамаҳо ҷон доданд: "Аз ҷумла 29-уми январ, тахминан соати 13:45-дақиқа, ронандаи 29-солаи “Мерседес-Бенс”, сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат аз пойтахт ба шаҳри Қӯрғонтеппа, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори хоҷагии фермерӣ бархӯрдааст. Дар натиҷа, худи ронанда ва мусофиронаш: се нафар ҷавонони 26, 27 ва 28-солаи сокинони шаҳри Душанбе ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд".
Мақомоти Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар даъват доранд, ки то ҳадди имкон аз сафар худдорӣ намоянд ва дар роҳҳо аз эҳтиёт кор бигиранд.