Коҳиши маблағгузории "Роғун", мушкили маош ва ифшои фасодкориҳо дар нерӯгоҳ
Ҷамшед Каримзода, муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон мегӯяд, соли равон барои бунёди нерӯгоҳи “Роғун” аз буҷаи давлат 1 миллиарду 700 миллион сомонӣ ҷудо шудааст, ки нисбати соли пешӣ 200 миллион сомонӣ камтар мебошад.
Каримзода имрӯз, 27-уми январ зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе изҳор дошт, соли 2016 барои бунёди нерӯгоҳи Роғун 1,9 миллиард сомонӣ аз буҷа пешбинӣ шуда буд ва давлат ин уҳдадорияшро пурра иҷро кард. Масъулини молия коҳиши маблағгузориро дар доираи нақша ва ниёзмандиҳо ба маблағ дар майдони сохтмони Роғун гуфтанд. Вазорати молия инчунин тасдиқ кард, ки кормандони Роғун моҳҳои охир маош нагирифтаанд ва изҳор доштанд, ки ин мушкил ба зудӣ ҳал хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки Оҷонсии зидди фасод дар соли 2016 дар ин иншооти асри Тоҷикистон фасодкориҳо ошкор кардааст. Абдукарим Зарифзода, муовини сардори Оҷонсии зидди фасод ин иттилоъро имрӯз, 27-уми январ зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе тасдиқ. Ӯ гуфт, воқеан дар нерӯгоҳи Роғун ҳолатҳои истифодаи ғайримақсадноки маблағҳо ошкор шудаанд, аммо аз ироаи ҷузъиёти бештар ба далели махфӣ будани иттилоъ дар ин бора худдорӣ намуд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон охири октябри соли гузашта дар расми бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар соҳили дарёи Вахш шахсан иштирок намуда буд.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур он замон иттилоъ дода буд, ки нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар силсилаи неругоҳҳои руди Вахш аз боло нуҳум буда, дар минтақаи 110 километр дуртар аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Неругоҳ аз 6 чарха иборат аст, ки қудрати ҳар кадом 600 мегаваттро ташкил медиҳад. Сарбанди нерӯгоҳи “Роғун” бо баландии 335 метр баландтарин садди заминӣ (гиливу сангӣ) дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт - соат) калонтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд, ки ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии нерӯгоҳи барқи обии “Норак” якуним баробар зиёд мебошад: “Барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи нерӯгоҳ имконият медиҳад, ки эҳтиёҷоти ба барқ доштаи Тоҷикистонро комилан қонеъ карда, барои инкишофи иқтисодиёти кишвар такон бахшад. Барои корҳои барқарорсозӣ ва сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” дар давраи истиқлолият зиёда аз 12,5 миллиард сомонӣ маблағ азхуд карда шудааст. Айни замон дар ин иншооти муҳимми аср қариб 15 ҳазор нафар мутахассисону коргарон машғули кор буда, зиёда аз 2100 адад техника ва мошину механизмҳо сафарбар гардидааст”.
Ба гуфтаи манбаъ, Нерӯгоҳи барқи обии Роғун аҳамияти на танҳо ҷумҳуриявӣ, балки минтақавӣ низ дорад. Баъди бунёди ин иншооти муҳими гидроэнергетикӣ Тоҷикистон дар оянда ҳамчун як кишвари содиркунандаи нерӯи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза метавонад кишварҳои ҳамсоя ва минтақаро бо барқ таъмин намояд: “Обе, ки дар обанбори Роғун ҷамъ мегардад, барои истифода дар вақтҳои камборишӣ ва хушксолӣ ҳамчун манбаи захираи бузурги об аз он баҳрабардорӣ карда мешавад. Тибқи нақша навбати аввали нерӯгоҳ, яъне агрегати якум охири соли 2018 ва агрегати дуюм моҳи апрели соли 2019 ба истифода дода шуда, нерӯи барқи истеҳсолшуда ба системаи энергетикии кишвар интиқол дода мешавад. Ҳамин тавр моҳи декабри соли 2018 нерӯгоҳи Роғун ба истеҳсоли нерӯи барқ оғоз мекунад”.