Раиси Агентии зидди коррупсия дар бораи Усмон Сабзов
Раиси тозатаъини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мегӯяд, нисбат ба раиси собиқи ноҳияи Ҳисор ҳеч шикояте ворид нашудааст.
Сулаймон Султонзода, ки 23 январи соли равон бо як фармони раисҷумҳур директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид, имрӯз, 27 январ дар нишасти хабарие дар Душанбе гуфт, унвонии ниҳоди зери раҳбариаш ҳеч шикояте дар мавриди Усмон Сабзов ворид нашуда ва нисбати фаъолияти ӯ ба ҳайси раиси собиқи ноҳияи Ҳисор ҳеч гуна санҷише ҳам анҷом нашудааст. Ҷаноби Султонзода ин нуктаро дар посух ба суоли хабарнигорон, ки оё дуруст аст, дар пайи бекор шудани қарорҳои содиркардаи Сабзов нисбати ӯ санҷиш идома дорад, таъкид намуд.
Ахиран расонаҳо навиштанд, ки Шарифҷон Ҷумъазода, раиси нави ноҳияи Ҳисор қарорҳои Усмон Сабзовро дар бораи тақсими қитъаи замин ба беш аз 700 сокини ноҳияро бо далели ғайриқонунӣ буданашон бекор кардаст.
Усмон Сабзов моҳи феврали соли 2013 раиси ноҳияи Ҳисор таъин шуда, моҳи феврали соли 2016 аз вазифа барканор шуд. Номи ӯ чандин бор дар робита ба изҳоротҳояш расонаӣ шудааст. Аз ҷумла ӯ соли 2013 дар як нишасти хабарӣ гуфта буд, дар пайи шикояти шаҳрвандон дар базаи дуюми “Тоҷикматлубот” гуруҳҳоеро, ки даст ба қиморбозӣ мезаданд, ошкор ва боздошт намудаанд.
Боздошти 37 “ашрофзода” барои пойгаи шабона: Раиси Ҳисор ҳам иштирок кардааст
Соли 2016 Иттифоқи нависандаҳо аз хориҷ шудани 26 нафар аз узвияти ин иттиҳод хабар дод, ки гуфта мешавад миёнашон Усмон Сабзов низ ҳаст. Он замон Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар суҳбат бо “Озодагон” аз хориҷшудаҳо “аъзои тасодуфӣ” ном бурда гуфт, “ба далели мувофиқ набудани сатҳи касбияшон аз узвияти ИНТ хориҷ шуданд".
Дар акс Усмон Сабзов