Сано Ҷӯраева: Барои табобати писарам ба дастгирии ҳар яки Шумо ниёз дорам (ВИДЕО)
Сано Ҷӯраева, як сокини шаҳри Душанбе барои муолиҷаи писари 38-солааш, ки аз бемории “Сиррози ҷигар” (цирроз печень) ранҷ мекашад, аз кулли сокинони саховатманди кишвар кӯмак мехоҳад.
Хонум Ҷӯраева, ки ба дафтари “Озодагон” омад, мегӯяд, писараш Шуҳрат Ҷӯраев 3 сол мешавад, ки гирифтори ин маризӣ шудааст ва барои табобату ҷарроҳии минбаъдааш ночор мондааст: “Қаблан гирифтори касалии “Гепатит С” буд, ҳоло ин беморӣ ба сиррози ҷигар расидааст, ки ба гуфти табибон хело хавфнок аст”.
Ӯ гуфт, барои табобати Шуҳрат доруҳои гаронарзиш заруранд, вале қудрати харидории онҳоро надорад: “Ҳафтае пеш як дору харидем, ки 200 доллар арзиш дошт. Барои хариди доруҳои дигараш маблағ ҷамъоварӣ дорам”. Сано Ҷӯраева афзуд, табибон тавсия додаанд, ки бояд саривақт писараш ҷарроҳӣ шавад: “Барои ҷарроҳӣ ва табобат наздики 40 ҳазор доллар талаб доранд. Ман хонаамро ба фурӯш гузоштаам, вале ин арзишро надорад. Ҳоло харидор ҳам пайдо нашудааст”.
Шуҳрат Ҷӯраев се фарзанди хурдсол дорад ва ба гуфтаи модараш бар асари беморӣ дигар наметавонад кор кунад. “Худам дар мактаби миёна кор мекунам, маблағамон барои таъмини оила ва баъзе доруворӣ мерасад. Ба дастгирии ҳар яки Шумо хело ниёз дорам”.
Афроде, ки имкони ёрӣ ба ин модар ва ҷигарбандашро доранд, метавонанд бо шумораҳои телефони 907 88 93 43 ва 98 761 00 41 тамос бигиранд ё ба суратҳисоби зер маблағ бигузаронанд: