Созиши Э.Раҳмон ва Навоз Шариф барои мулоқот дар ояндаи наздик
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 26-уми январ бо Муҳаммад Навоз Шариф, савразири Покистон сӯҳбати телефонӣ анҷом дод.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Навоз Шариф ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ карда, атрофи масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.
Манбаъ мегӯяд, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо мақсади идомаи муколамаи сатҳи олӣ дар ояндаи наздик мулоқоти дуҷониба анҷом медиҳанд: “Дар хотимаи сӯҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф сиҳатмандиву комгорӣ дар иҷрои рисолати ӯ баҳри рушду шукуфоии кишвари дӯст орзу намуд”.