Супориши ҳукумат барои арзонии чиптаи ҳавопаймо чӣ шуд?
Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯяд, дастури ҳукумат барои омӯзиш ва поин бурдани нархи чиптаҳои ҳавопаймо дар кишвар дар ҳоли баррасист.
Саъдӣ Қодирзода, раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон имрӯз, 26-уми январ дар посух ба суоли “Озодагон” дар мавриди супориши ҳукумат барои поин бурдани нархи чиптаи ҳавопаймо изҳор дошт, ки айни ҳол омӯзиш идома дорад. Ба гуфтаи Қодирзода феълан мутахассисон ба омӯзиши ҳаққи хизматрасониҳои фурудгоҳӣ машғуланд: “Дар пайи ниҳоӣ шудани омӯзиш иттилои бештар хоҳем дод”.
Ин дар ҳолест, ки ширкатҳои ҳавопаймоӣ далели гарон будани нархи чипта дар Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳоро ба гаронии сӯзишворӣ ва қимат будани ҳаққи фурудгоҳ рабт медиҳанд.
Тобистони соли гузашта Шералӣ Ганҷалзода, вазири вақти нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки ҳукумати кишвар барои муътадил нигоҳ доштани нархи чиптаҳои ҳавопаймо дастур додаст. Ба гуфтаи Ганҷалзода барои ҳалли ин масъала комиссияи байниидоравӣ ташкил шуда, онро омӯхта истодааст.