Президент қисме аз салоҳиятҳояшро ба ҳукумат ва парлумон медиҳад (ВИДЕО)
Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон тасмим гирифта, қисме аз салоҳиятҳояшро миёни парлумон ва ҳукумат тақсим кунад. Ӯ мегӯяд, ин тасмимро ба хотири “посух гуфтан ба талаботи замон” ва мутобиқ шудан ба руҳи “ислоҳоти демократӣ” гирифтааст.
“Қудрати президентӣ дар раванди шаклгирии давлат зарур буд. Он қудрат зарурӣ буданашро исбот кард. Ҳамаи дастовардҳои мо маҳз дар ҳамин низом падид омаданд. Ва ин низом ба боло бурдани самаранокии идораи давлатӣ равона шуда буд”,-таъкид намуд, Назарбоев дар муроҷиаташ ба мардум.
Ба гуфтаи ӯ, нақши парлумон ва ҳукумат тақвият меёбад: “Бо назардошти муҳим будани меъёрҳои пешниҳодшуда, ман тасмим гирифтам, то лоиҳаи ислоҳоти конститутсиониро ба баррасии умум бигзорам. Дар ин бора фармон содир шудааст”.
Назарбоев шарҳ дод, президент масъулиятҳои стратегиро бар дӯш мегирад ва нақши “довари олӣ”-ро иҷро мекунад. Роҳбари давлат ҳамчунин ба масъалаҳои амният ва мудофиа ҷавобгӯ хоҳад буд: “Ҳар ҳизбе, ки дар интихобот пирӯз шуд, дар ташкили ҳукумат саҳми асосӣ хоҳад дошт”.
Ҳукумат масъулияти тасдиқи барномаҳои давлатиро бар дӯш мегирад, президент ҳатто метавонад аз “ҳаққи лағв кардан ё қатъ кардани қарорҳои ҳукумат ё сарвазир” даст кашад.