Тавре расонаҳои ғарбӣ менависанд, ин сайёра «Каплер 22-ВӢ" номгузорӣ шуда, ҳудуди 600 соли нурӣ аз замин фосила дорад ва тақрибан дую ним баробари замин аст. Гуфта мешавад, то ин замон ҳеч сайёрае ба ин андоза ба замин монанд пайдо нашуда буд, аммо то ҳоло муайн нагаштааст, ки ин сайёра аз кадом навъи ҷинс- моеъ, санг ё газ таркиб ёфтааст.
Зимни як ҳамойиши вижаи илмӣ тими телескопи Кеплер гуфтааст, ки 1094 сайёра шинохта шуда, муаррифӣ гаштаанд. Ин телескоп он қадар ҳассос аст, ки метавонад гузашти як сайёра аз баробари ситораи марказиро дарёбад; гузаре, ки боиси афтидани нури ситора ба миқдори хеле кам ба назар мерасад. Каплер 22-ВӢ яке аз 54 номзаде буд, ки тими Каплер дар моҳи феврал гузориш карда буд ва аввалин сайёрае аст, ки вуҷудаш тавассути телескопҳо тайид мешавад.