Нуралиев идоракунии сустро сабаби мушкилоти бонкҳо хонд (АКС)
Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон идоракунии заифро сабаби асосии гирифтор шудани ташкилотҳои қарзӣ ва низоми бонкӣ ба мушкилоти молиявӣ хонд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Бонки Миллӣ, Нуралиев 24-уми январ дар мулоқот бо Жан Пйеро Чиня, мушовири калони Департаменти ҳуқуқи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд изҳор доштааст, ки бинобар суст будани идоракунии корпоративӣ дар як қатор ташкилотҳои қарзӣ боиси ба мушкили молиявӣ гирифтор шудани онҳо ва дар умум коҳиш ёфтани низоми бонкии кишвар гардид: “Маҳз ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои рухдода дар низоми бонкии кишвар вазифаи аввалине, ки дар назди бонкҳо дар соли 2017 гузошта шуд, дуруст ба роҳ мондани идоракунии корпоративӣ мебошад”.
Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки барои пурзӯр намудани назорати низоми бонкӣ ва бо ин мақсад таҳким бахшидани идоракунии корпоративӣ аз таҷрибаи ғании Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар ин самт ҳамкории зичро ба роҳ монад. Ҷониби Тоҷикистон барои таҳкими идораи корпоративӣ дар низоми бонкӣ, махсусан дар бонкҳои муаммодоро хостори кӯмаки техникии БАТР шудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Бонки миллӣ Жан Пйеро Чиня дар навбати худ изҳор доштааст, ки барои пешниҳод намудани кӯмаки техникӣ дар самти таҳким бахшидани идоракунии корпоративӣ маълумоти дахлдор дар бораи бонкҳо ва тарзи идоракунии корпоративии кунунии онҳо зарур аст. Зикр карда шуд, ки танҳо баъди таҳлил ва баррасии ҳисобот ва маълумот дар бораи бонкҳо ҷониби БАТР метавонад барномаҳои худро дар низоми бонкии Тоҷикистон амалӣ намояд.
Талош барои беҳбуди идоракунии низоми бонкӣ дар ҳолест, ки калонтарин бонкҳо дар Тоҷикистон-“Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” ба мушкили молӣ рӯбарӯ шуда, дар иҷрои уҳдадориҳояшон дар назди мизоҷон оҷиз мондаанд.