Болоравии қурби доллар ва рубл дар Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз, 25-уми январ қурби миёнаи 1 доллари амрикоӣ дар бозори нақди кишвар 7,93 сомониро ташкил медиҳад.
Тибқи иттилоияи ин ниҳод арзиши миёнаи 1000 рубл имрӯз дар бозори нақд ба 133,3 сомонӣ баробар шудааст.
Ин дар ҳолест, ки аввали моҳи равон қурби доллар ҳудуди 7,88-7,90 ва 1000 рубл 126-129 сомониро ташкил медод.
Барои муомилот дар бозори ғайринақдӣ, аз ҷумла барои ба ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ имрӯз қурби расмии 1 доллари ИМА = 7.8871 сомонӣ, 1 евро = 8.4707 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1305 сомонӣ муайян шудааст.
БМТ ҳушдор медиҳад, ки «берун аз дафтари асосии бонкҳо, намояндагиҳо, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад».